Ба гузориши хабаргузории ABNA, Ҳамас бо нашри изҳороте эълом кард: Ҳамлаи ваҳшиёнаи муҳоҷирини яҳудӣ ва артиши ишғолгар ба деҳаи Талфит дар ҷануби Ноблус ва минтақаҳои мухталифи соҳили Ғарбӣ, ки бо вайрон кардани амвол, тарсу ваҳм афкандан дар миёни фаластиниён ва тирпарронии мустақим ба сӯи онҳо ҳамроҳ буд ва ба захмӣ шудани шуморе аз фаластиниён анҷомид, таҷовузе ҷинояткорона ва идомаи амалҳои террористии муташаккилест, ки аз сӯи кабинети реҷими сионистӣ идора мешавад.
Дар ин изҳорот омадааст: Кабинети ҷинояткори ҷангии Бенямин Нетаняҳу ба таври мунтазам дар ҳоли иҷрои сиёсати поксозии этникӣ алайҳи миллати Фаластин аст ва бо озод гузоштани дасти муҳоҷирини мусаллаҳ ва зери ҳимояи артиш, заминаи амалҳои хушунатомезро дар шаҳрҳо, деҳаҳо ва лагерҳои соҳили Ғарбӣ фароҳам месозад.
Ҳамас дар идома аз ҷомеаи байналмилалӣ, Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳодияи Араб ва Созмони ҳамкории исломӣ хоҳиш кард, ки ҷиноятҳои реҷими ишғолгарро дар соҳили Ғарбӣ маҳкум карда, тадбирҳои боздоранда дар баробари лоиҳаҳои яҳудисозӣ, кӯчонидани иҷборӣ ва ҳамроҳкунӣ, ки аз сӯи кабинети реҷими сионистӣ пайгирӣ мешаванд, андешанд.
Ин ҷунбиш инчунин аз миллати Фаластин дар соҳили Ғарбӣ ва ҳамаи гурӯҳҳо ва ҷараёнҳои сиёсӣ хоҳиш кард, ки барои муқобила бо ин сиёсатҳо муттаҳид шаванд, ҳамаи шаклҳои мубориза ва муқовиматро фаъол кунанд ва ба ҳаққи худ барои хотима бахшидан ба ишғол ва барпо кардани давлати мустақили Фаластин бо пойтахтии Қудс таъкид варзанд.
Your Comment